• Home »
  • ХАБАР »
  • Авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ нишонаи маърифати паст аст!
Авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ нишонаи маърифати паст аст!

Авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ нишонаи маърифати паст аст!

  Ҳафтаи сипаришуда бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ду нафарро дастгир намуданд, ки онҳо дар содир намудани ҷинояти авбошӣ гумонбар дониста шуда, бо истифода аз корд ҳамдигарро захмӣ намудаанд.
Инҳо шаҳрвандон Алифбеков Алиҷон, соли таваллудаш 2000 ва Абдуқаҳҳоров Рустам, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе мебошанд.

  Чунончӣ, дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ муайян гардид, номбурдагон санаи 5-уми июли соли ҷорӣ дар маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе байни ҳамдигар муноқиша нумудаанд. Мавриди зикр аст, ки маҳз маърифати пасту кинаву адоват ва бузургманишиву нофаҳмиҳои лафзӣ дар бештари вақт ба муноқиша ва ҳодисаҳои нохуш меанҷомад. 
  Ин ду нафар муддати 10-15-дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, оқибат даст ба гиребон шуданд. Дар натиҷа ҳарду бо кордҳои мусаллаҳгашта якдигарро захмӣ намудаанд.
  Айни замон нисбати гумонбарон бо моддаи 237 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin