Ҷаримабандии 10 ронанда дар асоси муроҷиати шаҳрвандон

Ҷаримабандии 10 ронанда дар асоси муроҷиати шаҳрвандон

  Бо вуҷуди ба роҳ мондани чорабиниҳои профилактикӣ ҳануз ҳам вайрон намудан ва нодида гирифтани муқаррароти қонунгузории кишвар оиди риояи ҳатмии талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби бархе аз шаҳрвандон дар кӯчаву мавзеъҳои барои пиёдагардон пешбинишуда зиёд ба чашм мерасад.
  Аз як ҷониб агар вайроннамоии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ин бемасъулиятиву бемаданиятии ронандагонро нишон диҳад, аз ҷониби дигар ба амнияти шахсии пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Вобаста ба ин, бо ташаббуси милитсияи пойтахт ҳамкории мутақобилаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла нозирони роҳ бо аҳолӣ ва сокинони бомаърифати шаҳри Душанбе ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар натиҷаи ин ҳамкории судманд пеши роҳи садҳо қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ гирифта шуда, сокинони пойтахт низ дар тамъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ саҳми худро гузошта истодаанд.
  Ҳафтаи сипаршуда низ дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ирсоли расми қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ кормандони Шуъбаи БДА дар шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд. Сипас нозирони роҳ аз рӯи далелҳои қоидавайронкунӣ, ки дар расмҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон омадааст, нисбати онҳо чораандешӣ намуда, дар натиҷа 10 нафар ронандагон, ки ба риояи талаботи қонунгузорӣ хунукназарӣ менамуданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуданд. Илова бар ин ронанадагони қонуншикан барои ба таври такрорӣ содир накардани чунин кирдорашон баёнот додаанд. Инҳо:

 

  Юсупов Рустам Султонович ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота Прадо, аломати қайди давлатиаш 0660AТ07 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

  Ҳусейнов Аҳмад Қузратуллоевич ронандаи автомашинаи тамғаи Опел Астра, аломати қайди давлатиаш 6650ЕС01 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  Наимов Нур ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота Каролла, аломати қайди давлатиаш 9567ЕМ01 барои риоя накардани талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  Маҳмудзода Насимҷон ронандаи автомашинаи тамғаи Опел Астра, аломати қайди давлатиаш 3616НA01 барои риоя накардани талаботи моддаи 318 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  Вафоева Нигора Абдурасуловна ронандаи автомашинаи тамғаи Хонда Аккорд, аломати қайди давлатиаш 8822АА01 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  Валиев Беҳзод Сайдалиевич ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, аломати қайди давлатиаш 6794РР01 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  Барфиев Парвона Мирзоевич ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, аломати қайди давлатиаш 0004РY01 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  Каримов Тащой Шарифович ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота Рав 4, аломати қайди давлатиаш 8433ЕА01 барои риоя накардани талаботи моддаи 325 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  Мирзақулов Олимхон Қурбанович ронандаи автомашинаи тамғаи Опел Астра, аломати қайди давлатиаш 8860СР01 барои риоя накардани талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  Мавриди зикр аст, ки ҳамчунин шаҳрванд Қосимов Ҳакимҷон Абдуллоевич ронандаи автомашинаи тамғаи Киа-Оптима, аломати қайди давлатиаш 6557DD01 барои риоя накардани талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти содирнамоии қоидавайронкунӣ аз ҷониби нозирони роҳ боздошт ва нисбаташ маводи маъмурӣ тартиб дода шуда аст.

 Дар навбати худ роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба шаҳрвандоне, ки дар пешгирии ин гуна амалҳои зиддиҳуқуқӣ бетараф набуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия ҷиҳати баланд бардоштан маърифати ҳуқуқии ронандагон муосидат менамоянд, миннатдории хешро баён менамояд.
Зеро да ҳамбастагӣ бо шаҳрвандон мо метавонем, пеши роҳи чунин зуҳуротро гирифта, барои ба яке аз пойтахтҳои намунавии кишварҳои минтақа табдил додани шаҳри Душанбе муваффақ шавем.

Суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Сомона: www.dushanbepolice.tj
Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук: “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе” 
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin