Ҷамъбасти Озмуни 8-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат»

Ҷамъбасти Озмуни 8-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат»

  Санаи 23-юми июни соли равон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими пӯшидашавии Озмуни 8-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» баргузор гардид.
  Мариди зикр аст, ки озмуни мазкур тӯли як ҳафта байни 11-даста аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шартҳои «Малакаи касбӣ», «Санитари наврас», «Танзимгари наврас», «Мухбири наврас», «Гурӯҳҳои ташвиқотӣ», «Дастаи ман», «Пурдонҳо», «Чархи амонӣ», «Дарси кушод», «Донишмандони ҚҲР», «Азназаргузаронии сафороӣ» байни ҳам қувваозмоӣ намуда, аз худ дониш ва маҳорати баланд нишон доданд.

  Гурӯҳҳои нозирони навраси ҳаракат дар роҳ, ҷамъияти ихтиёрии мактаббачагон ва созмонҳои талабагон мебошад, ки бо мақсади дар онҳо тарбия намудани қарзи шаҳрвандӣ, маданияти баланди ҷамъиятӣ ва ҷалби наврасон барои ташкилу тарғиби ҳаракати бехатар дар кӯчаву роҳҳо байни мактаббачагон ташкил карда мешавад.

  Дар ҷараёни баргузории ҷоизасупорӣ Сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Насимзода Акбар Ғиёс суханронӣ намуда, сипас, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагон ва роҳбарони дастаи Нозирони навраси ҳаракати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо нишон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

  Баъди ҷамъбасти шартҳои озмун аз ҷониби ҳакамон ҷойи аввал насиби Гимназияи №74-и шаҳри Душанбе, ҷойи 2-юм бошад, насиби дастаҳои литсейи №2-и ш.Душанбе, МТМУ №1-и ш.Конибодом ва ҷойи сеюм насиби дастаҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат гардид.
  Ба иштирокчиёни озмун барои иштироки фаъолона ва саҳм гузоштан дар пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон нишон, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

  Гузаронидани чунин озмунҳо, бешубҳа дар таҳкими дӯстӣ, баланд бардоштани дониши аъзоёни дастаҳо дар боби омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҷоннок намудани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар байни ноболиғон ва беҳтар намудани машғулияти таълимӣ перомуни қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мусоидат хоҳад кард.

  Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки нозирони навраси ҳаракат дар роҳ пайваста бо кормандони Бозраасии давлатии автомобилӣ, дар корҳои тарғиботӣ ҷиҳати риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳараркат дар роҳ фаъолона ширкат меварзанд, ки ин метавонад ба баланд намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мусоидат намояд.
  Дар қисми дигари чорабинии мазкур, санъаткорони шинохтаи кишвар, бо суруду таронаҳои хеш хотири ҳозиринро шод намуданд.

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin