• Home »
  • ХАБАР »
  • Фарҳангу маданияти баланд-нишонаи хештаншиносист
Фарҳангу маданияти баланд-нишонаи хештаншиносист

Фарҳангу маданияти баланд-нишонаи хештаншиносист

  Санаи 09 июни соли 2018, бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовинони вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсату хадамотҳо, роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани дараҷаи маънавиёт, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ, дар намоишномаи опереттаи мазҳакавии «Найрангҳои Майсара» бардошт аз песаи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, дар таҳияи ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Юдаков ва Шавкат Халилов, ки дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балетаи ба номи Садриддин Айнӣ» ба намоиш гузошта шуда иштирок намуданд. 

 

  Саҳнаи намоишномаи опереттаи «Найрангҳои Майсара», паҳлуҳои зиндагии ҷомеаро дар бар гирифта, қаҳрамони он баҳри пос доштани ишқи поки ду ҷавон ва ба висоли якдигар расидани онҳо талош менамояд. Қаҳрамони ин намоишнома Майсара, новобаста аз мушкилоти ба сараш омада, барои бартараф намудани он амалу кирдор ва хоҳиши шахсони худком, бо тамоми ҳастии худ мубориза бурда оилаеро барпо менамояд. Намоишномаи пешкашгардида пур аз ҷабҳаҳои ахлоқӣ буда тамошобинро муборизи чунин амалу кирдорҳои ношоистаи ҷомеа мегардонад.
  Ҳунармандони Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» бо маҳорати баланди ҳунармандӣ тавонистанд саҳнаҳои ҷолиби диққату маърифатиро пешкаши тамошобинон гардонанд ва оркестри созӣ-нафасии муассисаи мазкур бо маҳорати баланди навозандагии оҳангу навои дилошуби худ тавонистанд ба нақшофарии ҳунармандони театр ҳусни дигарро зам намоянд.

 

  Вазири корҳои дохилӣ аз номи худ ва тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳбарият ва ҳунармандони Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» барои офаридани чунин намоишнома арзи сипос намуд.

Р.Илёсов,
Т.Латипов.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin