• Home »
  • ХАБАР »
  • Ташкили барномаи фарҳангии политсияи шаҳри Нанкин барои ҳайати расмии милитсияи шаҳри Душанбе
Ташкили барномаи фарҳангии политсияи шаҳри Нанкин барои ҳайати расмии милитсияи шаҳри Душанбе

Ташкили барномаи фарҳангии политсияи шаҳри Нанкин барои ҳайати расмии милитсияи шаҳри Душанбе

  Дар доираи анҷоми сафари расмӣ бо ташаббуси Департаменти бехатарии ҷамъиятии музофоти Тсзян Су ба хотири меҳмонон – ҳайати намояндагони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе чорабинии калони фарҳангӣ ва барномаи консертӣ ташкил карда шуд. Чорабинии фарҳангӣ дар толори Театри муҳташами шаҳри Нанкин баргузор гардида, дар рафти он роҳбарони як қатор мақомотҳои баландмақоми музофоти Тсзян Су ва шаҳри Нанкин, ҳайатҳои расмии намояндагон мақомотҳои ВКД Тоҷикистону Чин ва ҳайати шахсии политсияи шаҳри Нанкин иштирок намуданд.

  Тавре иттилоъ дода шуд, дар чорабинии фарҳангӣ ва барномаи консертӣ танҳо кормандони политсияи шаҳри Нанкин ҳунарнамоӣ намуда, маҳорату малакаи ҳунарии худро ба меҳмонон пешкаш намуданд.


  Сурудхонӣ дар васфи ватандустӣ, пешниҳоди саҳнаҳои ҳаҷвӣ аз фаъолияти кормандони политсияи шаҳри Нанкин, намоиши машқҳои тактикӣ ва истеъдоду ҳунарҳои аҷоиб, пешниҳоди саҳнаи махсус аз фаъолияти бахши кинологии политсияи шаҳр аз эҷодиёту ҳунарнамоии худи кормандони политсияи шаҳри Нанкин ба шумор рафт, ки дар сатҳи баланди касбӣ ташкил ва баргузор карда шуд.


  Дар анҷоми барномаи фарҳангӣ сардори Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин Сун Тен Ю зикр намуд, ки ба хотири таҳким бахшидани робитаҳои фарҳангии шаҳрҳои Нанкин ва Душанбе давоми соли ҷорӣ бо ҳайати ҳунармандони политсияи шаҳри Нанкин ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, барномаи мазкурро пешкаши кормандони милитсияи шаҳри Душанбе мегардонад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin