Пешсудшуда боз ҷиноят содир кард

Пешсудшуда боз ҷиноят содир кард

  Такроран содир намудани ҷиноят аз ҷониби нафарони пешсудшуда, гувоҳи бадсириштиву ислоҳнашавандагии чунин афрод мебошад.
  Шаҳрванд Юсупов Маҷнун соли таваллудаш 1983 истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ки қаблан бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор маҳбасӣ гардидаву баъди адои ҷазо ба озодӣ баромадааст, ин навбат барои содир намудани ҷинояти дуздӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Гарчанде номбурда баҳри пешбурди зиндагӣ соҳиби фаъолияти муайяне бошад ҳам, вале ҳамоно ба кирдорҳои ҷиноятӣ даст зада, ин навбат ба дуздии молу ашёи шаҳрвандон машғул гардидааст.


  Чунончи санаи 14-уми июни соли равон аз манзили истиқоматии шаҳрванд Ғайратов Муҳаммад соли таваллудаш 1986 воқеъ дар кӯчаи Маяковский, ки гумонбаршаванда дар он ҷо ба ҳайси усто кор мекард, дари хонаи мазкурро шикаста як қатор таҷҳизотҳои сохтумониро, ки дар маҷмӯ 4200-сомониро ташкил медиҳанд бо роҳи пинҳонӣ тасарруф намудааст.
  Акнун гумонбари ин ҷиноятро мебояд барои такроран содир намудани ҷиноят, ки ҷурми онро сангин мегардонад дар назди қонун ҷавб гӯяд. Ҳоло нисбаташ бо моддаи 244 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin