Оқибати авбошӣ ҳамин аст

Оқибати авбошӣ ҳамин аст

  Санаи 13 июни соли равон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванди 37 солаи, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакентро, ки пеш бо моддаҳои 201 қ.1 ва 244 қ.2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст барои содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир намуданд.

  Номбурда тахминан соати 19:40 дақиқаи ҳамон рӯз, бо ҳаммаслаки худ Сиёвуш ном шахс дар кучаи Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо марди 37-солаи, истиқоматкунандаи кучаи Камола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба пушти ӯ зада аз ҷойи ҳодиса фирор менамоянд. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ММТ бистарӣ гардидааст.
  Нисбати қазияи рухдода парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои муайян ва дастгир намудани ҳаммаслакаш чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin