• Home »
  • ХАБАР »
  • Мулоқоти сатҳи баланди милитсияи шаҳри Душанбе бо Идораи бехатарии ҷамъиятии музофоти Тсзян Су
Мулоқоти сатҳи баланди милитсияи шаҳри Душанбе бо Идораи бехатарии ҷамъиятии музофоти Тсзян Су

Мулоқоти сатҳи баланди милитсияи шаҳри Душанбе бо Идораи бехатарии ҷамъиятии музофоти Тсзян Су

  Санаи 15 июн ҳайати расмии намояндагони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо муовини губернатори музофоти Тсзян Су – ӯ низ сардори Идораи бехатарии ҷамъиятии музофоти Тсзян Су генерал Лю Ян қабул ва мулоқоти корӣ доир намуд. Дар мулоқот ҳамчунин муовини раиси шаҳри Нанкин – ӯ низ сардори Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри нанкин Сун Тен Ю ва дигар шахсони расмии ду кишвар иштирок намуданд.

 

  Номбурда нахуст дар мулоқоти хоса бо сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон аз саҳм ва ташаббусҳои созандаи сатҳи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ташкили мизҳои мудаввар ва баргузор намудани конфронсу семинарҳои байналмиллалӣ ҳамчун кишвари ташаббускори сулҳ дар Афғонистон ёдовар гардид. Дар идомаи суҳбат афзуд, ки талошҳои Президенти Тоҷикистон дар амри ташкили сулҳи комил дар Афғонистон ва таъмини бехатарии амният дар минтақа хеле баланд аст.

  Генерал Лю Ян дар идомаи суҳбат афзуд мо Тоҷикистонро ҳамчун шарики стратегии боэътимод ва кишвари дӯсту ҳамсоя дар минтақаи Осиёи Миёна мешиносем.
  Дар мулоқот сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия    Шариф Назарзода низ аз робитаҳои стратегии Тоҷикистону Чин, мавқеи якҷояи ду кишвари дӯст ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳалли масъалаву проблемаҳои минтақавию байналмиллалӣ суханронӣ намуд. Номбурда дар идома афзуд, маҳз натиҷаи ҳамкориҳои ду кишвар ва шарикони стратегӣ буд, ки ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин дар сатҳи баланди дипломатӣ ташкил карда шуда, то ин замон миёни ду мақомот табодули таҷриба ва бозомӯзии кормандон идома дорад.

  Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти муборизаи якҷоя зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона табодули афкор намуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin