Дуздӣ барои бозии компютерӣ

Дуздӣ барои бозии компютерӣ

  Ҷиноят кирдори зиддиҷамъиятӣ буда, баъзан аз беэҳтиётӣ ё дидаю дониста ҳадафмандона содир мегардад. Вале мутассифона баъзан ноболиғону ҷавонон ба хотири чандлаҳзаина дилхушӣ ҷиноят содир мекунанд, ки ҷои нигаронист.
  Хафтаи сипаригардида, дар натиҷаи омӯзиш ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон оид ба дуздида шудани маблағҳои пулӣ, кормандони милитсия бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як нафар ноболиғро ҳамчун гумонбар дастгир намуданд.


  Зимни пурсиш маълум гардид, ки гумонбаршаванда ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе, ба хотири ба даст овардани маблағи пулӣ пинҳонӣ вориди утоқи кории мураббиёни кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо маблағҳои пулии гунонгунро рабудааст.
Дар натиҷаи пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки сабабгори асосии даст ба ҷинояти дуздӣ задании ин нафар ноболиғ, вобастагӣ ба бозиҳои компютерӣ будааст.

  Мавриди зикр аст, ки ҳарчанд кормандони милитсия аз зарари бозиҳои компютерӣ ба тафаккури ноболиғон пайваста ҳушдор дода, дар ин самт рейду санҷишҳои пешгирикунанда мегузаронанд, вале мутассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд ноболиғоне, ки аз бепарвоии волидайни худ истифода бурда ба чунин марказҳои компютерӣ ворид шуда ба бозиҳои саргармкунанда машғул мешаванд, ки ин омил метавонад ноболиғро ба содир намудани ҷиноят водр созад. Далели гуфтаҳои боло гумонбари ин ҷиноят мебошад, ки ба хотири пардохти маблағи бозии компютерӣ ба дуздӣ машғул шудааст.
  Чунончи номбурда дар чанд маврид аз утоқи мураббиёни кудакистонҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 700-сомониро рабудааст.
  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз волидайн талаб менамояд, ки дар айёми таътили тобистона назоартро аз болои фарзандони худ пурзӯр намуда, нагузоранд то вақти пурқиммати худро сарфи корҳои беҳуда кунанд.

Шукуров Сироҷиддин

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin