• Home »
  • ХАБАР »
  • Вохурии сардори милитсияи пойтахт бо ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе
Вохурии сардори милитсияи пойтахт бо ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе

Вохурии сардори милитсияи пойтахт бо ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе

  Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли ҷомеа санаи 12 майи соли ҷорӣ баён гардид ва ҳамчунин оиди аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва сипарӣ намудани чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва минтақавию байналмилалии дар пешистода, силсилавохурӣ ва мулоқоту суҳбатҳои озоду ошкоро бо аҳли ҷомеа, намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонони фаъол баргузор намуда истодааст.


  Аз ҷумла имрӯз (8. 06. 2018) дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вохурӣ ва суҳбати ошкорои сардори Раёсат, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо як қатор донишҷӯёни донишгоҳҳои олии пойтахт ва ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе доир карда шуд.


  Зимни суханронӣ Шариф Назарзода таъкид дошт, ки ҷиҳати иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” дар доираи амалиёти маърифативу профилактикии “ОДОБИ ШАҲРНИШИНӢ” кормандони милитсия дар ҳудуди пойтахт як қатор чорабиниҳоро ташкил ва амалӣ намуда истодаанд, ки дар баргузории он саҳми донишҷӯён ва ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе низ назаррас мебошад. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт, бори дигар ҷавононро ба худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, иштироки фаъол намудан дар густариши корҳои ободонӣ ва фаротар аз ҳама омӯхтани илму дониш ва забонҳои хоориҷӣ махсусан таъкид намуд.


  Номбурда иброз дошт, ки воқеан ояндаи дурахшони давлату миллат аз ҷавонон вобаста буда, маҳз он нафаре метавонад номбардори миллату давлат ва волидайни худ гардад, ки дорои илму дониши кофӣ бошад. Дар ин замина баҳри ба илму дониш фаро гирифтани онҳо аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар тамоми чораҳо роҳандозӣ гардида, дар ин раванд волидайн низ масъулияти бузургро ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони худ бар душ доранд.


  Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, полковники милитсия Фаттозода А,А., иштирок ва суханронӣ намуда, оиди аз ҷонби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро эълон гардидани озмуни забономузӣ ва шартҳои баргузории он суханронӣ намуд.
  Ҳамчунин, зимни баргузории ин мулоқот як қатор донишҷӯён ва ҷавонони фаъоли пойтахти кишвар суханронӣ намуда, дар баробари ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтан, ҳамзамон доир ба масоили беҳтар намудани вазъи роҳу нақлиёт ва роҳҳои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон пешниҳодҳо изҳор намуданд.

 


  Баҳри ҳамкории мутақобилан судманд бо Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа, аз ҷониби сардори Раёсат генерал-майори милитсия Шариф Назарзода як қатор донишҷӯён ва ҷавонони фаъол бо «Сипоснома» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Шукуров Сироҷиддин

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin