• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздид аз қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси шаҳри Нанкин
Боздид аз қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси шаҳри Нанкин

Боздид аз қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси шаҳри Нанкин

  Дар доираи сафари расмии корӣ намояндагони милитсияи шаҳри Душанбе ба қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин ташриф оварда, бо фаъолият ва машғулиятҳои амалии Даста шиносоӣ пайдо намуданд.
  Нахуст ба ҳайати намояндагони милитсияи шаҳри Душанбе техникаҳои ҷангӣ ва аслиҳаву лавозимоти муосири ҳарбии Дастаи таъиноти махсуси Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин намоиш дода шуд. Зимни боздид аз ҷониби фармондеҳони алоҳидаи Дастаи таъиноти махсус оиди хусусиятиҳои тактикӣ-техникии лавозимоти ҳарбӣ маълумот дода шуд. Тавре зикр гардид аксарияти лавозимотҳои ҷангӣ истеҳсоли ватанӣ, яъне Ҷумҳурии мардумии Чин буда, бо риоя ба талаботҳои байналмиллалӣ дар намуди муосир сохта шудаааст.


  Илова бар ин дар ин мавзеъ техникаҳои автомобилии барои пешгирӣ ва барҳамзании сухтор мусоидаткунанда намоиш дода шуд, ки дар ҳолатҳои сар задани ҳодисаҳои сухтор ҷиҳати шикастани дарҳои оҳанин хизмат мекунанд.
  Сипас барои ҳайати намояндагони милитсияи шаҳри Душанбе якчанд намуд машқҳои низомӣ, ки бо воситаи техникаҳои муосири низомӣ аз қабили чархболу автомашинаҳои махсус омода карда шуда буд, намоиш дода шуд.


  Тавре аз рафти машқҳои тактикии Дастаи таъиноти махсус мушоҳида гардид, тарзи баргузории он аз маҳорати баланди касбии кормандони даста шаҳодат медиҳад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin