Боздошти қаллобон бо зарари 1 089 860-сомонӣ

Боздошти қаллобон бо зарари 1 089 860-сомонӣ

  Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт ҷавони 28-солаи сокини кӯчаи Чинори шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 1-уми феврали соли 2018, марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “БМВ”-ро ба маблағи 67500-сомонӣ нархгузорӣ намуда гирифта, аз ин маблағ 7200-сомониашро дода, боқимонда 60300-сомониро то ҳол барнагардонидааст. 

  Тафтишот муайян намуд, ки номбурда ҳамчунин моҳи октябри соли 2017, бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Порше Каен”-ро ба маблағи 84000-сомонӣ нархгузорӣ намуда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

  Ба ҳамин монанд, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 28-солаи сокини кӯчаи Амиршоеви шаҳри Душанбе шикоят бурдааст, ки моҳи июли соли 2017, шаҳрвандон: марди 29-солаи сокини пойтахт ва марди 32-солаи сокини ноҳияи Файзобод, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2-манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе, 200-тонна хокаи ангишти “Камароб”, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси 8”, 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ва 31-тонна сементро ҷамъ ба маблағи 945560-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағҳояшро барнагардонидаанд. 
  Айни замон гумонбарони ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin