Роҳзан дастгир гардид

Роҳзан дастгир гардид

  Дар натиҷаи пешбурди корҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони милитсия як нафар ҷавонписари 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
  Муайян гардид, ки номбурда шаби 31-уми декабри соли 2017 ғайриқонунӣ ба нуқтаи қабули оҳанпора воқеъ дар кӯчаи Р. Набиеви ноҳияи Сино ворид гардида, ба воситаи предпети ба сифати силоҳ истифодашаванда мусаллаҳ шуда, ду нафар ҷавонписари 27- сола ва ҷавонписари 21-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб, ки дар нуқтаи қабули оҳанпораи мазкур фаъолият доштанд, зери лату кӯб қарор дода, як адад сандуқи оҳанин, ки дар дохилаш 4000 сомонӣ, базаи камераҳои мушоҳидавӣ ва як адад телефони мобилӣ, ки дар маҷмуъ 3320-сомониро ташкил медиҳанд аз они худ намудааст.
  Айни замон нисбати гумонбаршаванда тибқи талаботи моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin