Дуздии ашёҳои маишӣ аз ҷониби ноболиғон

Дуздии ашёҳои маишӣ аз ҷониби ноболиғон

  Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ ҷавони 21-солаи сокини пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиаш, ки камераи мушоҳидавӣ насб гардидааст, 20-адад кондитсеонерҳои тамғаи “Самсунг” ва “ЛҶ”, ки арзиши умумиашон 40.000-сомониро ташкил мекунад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия се нафар ноболиғон: писарбаччаҳои 17 ва 15-солаи сокинони пойтахтро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
  Ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin