Дастгир гардидани ноболиғи дучархадузд

Дастгир гардидани ноболиғи дучархадузд

  Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 37-солаи сокини кӯчаи Борбади ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки санаи 10-уми майи соли 2018, тахминан соати 19:05-дақиқа, шахси номаълум дар назди бинои истиқоматиаш бо роҳи зӯроварӣ аз писари ноболиғи 9-солааш, 1-адад дучархаи тамғаи “Байкер”, ки арзишаш 200-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 14-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд. 
  Ҳамин тариқ, ноболиғи мазкур санаи 28-уми апрели соли 2018, тахминан соати 19:10-дақиқа, дар кӯчаи Фирдавсӣ бо роҳи зӯроварӣ аз ноболиғи 9-солаи сокини кӯчаи мазкур 1-адад дучархаи тамғаи “Байкер”, ки арзишаш 1500-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin