• Home »
  • ХАБАР »
  • Ба асорати қарзӣ гирифтор намудани зани 35-сола дар шаҳри Дубай
Ба асорати қарзӣ гирифтор намудани зани 35-сола дар шаҳри Дубай

Ба асорати қарзӣ гирифтор намудани зани 35-сола дар шаҳри Дубай

   Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 49-солаи сокини шаҳри Кӯлобро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамрабоӣ дастгир намуданд. 
  Номбурда, бо ҳамроҳии “Расмия” ном зан моҳи июли соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии зани 35-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт даромада ваъда намудаанд, ки ӯро ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ба кор мебаранд.
  Ҳамин тариқ, санаи 29-уми июли соли 2017, чиптаи ҳавопаймо ба самти Душанбе-Дубай харидорӣ менамоянд. Дар ш.Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ӯро ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, барои қарзро пардохт намудан ҷабрдидаро бо роҳи истифодаи зӯроварӣ ва таҳдид ба марказҳои дилхушии шаҳри Дубай бурда, барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо шаҳрвандони миллаташон гуногун пешниҳод намуда, бо ин роҳ ба манфиати худашон 5000-доллари амрикоӣ ба даст овардаанд.
  Нисбати зани 49-сола аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 130 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin