• Home »
  • ХАБАР »
  • Аксияи умумишаҳрӣ бо мақсади зебо гардонидани муҳити атроф
Аксияи умумишаҳрӣ бо мақсади зебо гардонидани муҳити атроф

Аксияи умумишаҳрӣ бо мақсади зебо гардонидани муҳити атроф

  Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли ҷомеа санаи 12 майи соли ҷорӣ баён гардид ва ҳамчунин оиди аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва сипарӣ намудани чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва минтақавию байналмиллалии дар пешистода як қатор тадбирҳоро андешида, амалӣ намуда истодааст.


  Илова бар ин дар доираи талаботҳои Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷавонони гурӯҳи Авангард, раисони кумитаву маҳаллаҳо аксияи умумишаҳрӣ оид ба риояи одоби шаҳрнишинӣ, ободу зебо гардонидани муҳити атроф, пешгирии падидаҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ, бартарафнамоии омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳр баргузор намуданд. Дар аксияи умумишаҳрӣ, ки дар ҳудуди 4 ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид зиёда аз 1200 нафар ҷавонон, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ва масъулини дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдор иштирок намуданд.


  Дар маросими дастурдиҳӣ роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, зикр намуданд, ки аксияи умумишаҳрӣ дар доираи амалиёти маърифативу профилактикии “ОДОБИ ШАҲРНИШИНӢ” роҳандозӣ карда шуда, мақсади он ободу зебо гардонидани муҳити атроф, муайяннамоӣ ва пешгирии ҳолатҳои савдо дар ҷойҳои номуқараршуда, пешгирии овехтани либос дар пештоқи хонаҳои баландошёна, бартараф намудани ҳолатҳои нигоҳдошт ва партофтани партов дар ҷойҳои номуқараршуда ва дигар падидаҳои халалдоркунандаи симои шаҳри Душанбе мебошад.


  Пас аз маросими даструдиҳӣ гурӯҳҳои таблиғотӣ дар доираи аксияи умумишаҳрӣ барои фаҳмонидани мақсаду маром ва ҳадафҳои аксия бо аҳолӣ ва сокинони шаҳр ба бинову иншоот ва баландошёнаҳои ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд.
  Дар ин замина гурӯҳҳои таблиғотӣ 8 ҳазор варақаҳои ёддоштиро ба даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ насб намудаанд, ки муҳтавои он риояи одоби шаҳрнишинӣ аст.

  Дар рафти аксия ҳамчунин мулоқот бо шаҳрвандон ва аҳолӣ баргузор карда шуда, далелҳои вайроннамоии ҳуқуқвайронкунӣ, аз ҷумла овехтани либос дар пештоқ (балкон) ва ҳолатҳои фуруши маҳсулот дар ҷойҳои номуқараргардида ва бе риояи қоидаҳои санитарӣ, ки ба ҳаёту саломатии шаҳрвандон хатар эҷод мекунад, дар ҷояш бартараф карда шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin