Ошкоршавии ғоратгарии ноболиғон
Ба кормандони милитсия марди 39-сола, шаҳрванд С.О., сокини шаҳри Душанбе, бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки нисбати шахсони номаълум чораҳои қонунӣ андешида шавад, чунки санаи 6-уми апрели соли равон дар назди тарабхонаи «Сафар» бо тариқи зуроварӣ телефони мобилияшро, ки арзишаш 400 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, тасарруф намудаанд.
Бо бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ ноболиғон: ҷавонписари 17-сола шаҳрванд К.С. ва ҷавонписари 15-сола шаҳрванд Ю.Ф. дастгир карда шуданд.
Аз номбурдагон телефони мобилии тамғаи «Айфон-6», ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд.
Айни замон гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.