• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкорсозии 2 ҷинояти ғоратгарӣ ва 4 ҳолати дуздӣ
Ошкорсозии 2 ҷинояти ғоратгарӣ ва 4 ҳолати дуздӣ

Ошкорсозии 2 ҷинояти ғоратгарӣ ва 4 ҳолати дуздӣ

  Ҳафтаи сипаригардида кормандони Шуъбаи 1-и ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ бо бурдани корҳои оперативӣ-тафтишотӣ ду нафарро дастгир намуданд, ки дар содир намудани чандин лаҳзаҳои ҷинояти ғоратгарӣ ва дуздӣ гумонбар дониста мешаванд.
  Инҳо шаҳрвандон: М.У., соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва ҳаммаслакаш О. Т., соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Муъминобод мебошанд. Гумонбаршавандаи аввал У.М. собиқаи ҷиноятӣ дошта, қаблан барои содир намудани ҷинояти дуздӣ маҳбасӣ гардидааст.
  Ин маротиба низ кирдоҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, натанҳо худ, балки ноболиғеро ба роҳи ҷиноят талқин намуда, силсила ғоратгариву дуздиҳоро содир намудаанд.
Чунончи санаи 6-уми апрели соли равон шаҳрванд Соҳибназаров Амирҷон, соли таваллудаш 1987, сокини пойтахтро дар боғи «Дӯстии Халқҳо» лату куб намуда, маблағи пулӣ ва телефони мобилияшро ғорат намудаанд.


  Ҳамин тариқ худи ҳамон шаб, дар кӯчаи Неъмат Қарабоев бо роҳи зуроварӣ маблағҳои пулӣ ва телефонии мобилии сокини дигари пойтахт шаҳрванд Пиров Хуршедро низ азони худ кардаанд.
  Айни ҳол гумонбаршавандагон дар содир намудани 2 ҳолати ғоратгарӣ ва 4 ҳолати дуздӣ гумонбар дониста шуда, нисбаташон бо моддаҳои 248 ва 244 (ғоратгарӣ ва дуздӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin