Дастгир шудани зан бо ҷурми қаллобӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2014 ҳангоми дар назди бинои нотариалии ноҳияи Сино қарор доштанаш, зани 45-солаи сокини кӯчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 26000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 37-солаи сокини пойтахт бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 8-уми июли соли 2016, ҳангоми дар назди бинои нотариалии ноҳияи Сино қарор доштанаш, зани дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 26000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Зани гумонбар дар қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.