• Home »
  • ХАБАР »
  • Баррасии масъалаҳои вобаста ба одоби шаҳрнишинӣ дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе
Баррасии масъалаҳои вобаста ба одоби шаҳрнишинӣ дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе

Баррасии масъалаҳои вобаста ба одоби шаҳрнишинӣ дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе

  Маркази маъмурӣ ва пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳри Душанбе аст ба яке аз 10 пойтахтҳои ороми ҷаҳон шомил шудани он рӯйдоди таърихӣ ва басо муҳим барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз ин падидаи наҷиб аз сулҳу осоиштагӣ, суботу оромӣ ва истиқлолияти комили Тоҷикистон дарак медиҳад. Ҳамаи ин аз сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад, ки бо фаъолияти хастанопазири худ дар устуворгардонии пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва муарифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд – ин нуктаро сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе зикр намуд.


  Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои муааззами миллат ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф, махсусан шаҳри Душанбе, пешгирии падидаҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва гаривидани ҷавонон ба равияҳои номатлуб, бартарафнамоии омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳр, махсусан риоя намудани одоби шаҳрнишинӣ ва даҳҳо масъалаҳои ҳалталаб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вохӯрии судманд бо фаъолону аҳли ҷамоатчигӣ, кормандони масъули сохторҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва Ҳукумати пойтахт, аз ҷумла занон, ҷавонон, ходимони дин, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони бозорҳо ва марказҳои савдо, фаъолон, намояндагони мақомоти марбутаи корҳои дохилӣ, прокуратура, суд, амният, вакилони халқии Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ва намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа иштирок доштанд, ки дар толори Филармонияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев баргузор карда шуд.


  Дар мулоқот зикр гардид, ки «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018, ки ташаббуси навбатӣ ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, дар самти тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад. Махсусан эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ, яке аз самтҳои афзалиятнок дар замони муосир ба ҳисоб меравад, зеро дар баробари пешрафту тараққиёти босуръати илму техника ва бархурди тамаддунҳо пос доштани арзишҳои миллӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ барои нигоҳ доштани миллат аз хатарҳои замони муосир лозим шуморида мешавад.


  Нахуст вохурии мазкурро муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз бахшида, ҷиҳати ҷараёни корҳои ободонӣ дар доираи эълон гардидани “120-рӯзи корҳои обонӣ дар Душанбешаҳр” сухан ронда, аз ҳозирин барои саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон, махсусан пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе даъват ба амал овард.
  Зимни суханронӣ номбурда аз фаъолияти шабонарӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳарф зада саҳми ниҳодҳои қудратиро дар пойдории сулҳу субот, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа арзишманд унвон кард.
  Сипас сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баромад намуда, дар мавзӯи “Баррасии вазъи ҷинояткорӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа” бо нишон додани факту далелҳои дақиқ аз ҷараёни парвандаҳои ҷиноятӣ маърӯзаи пурмуҳтаво ва ҷолиби диққат ироа намуд, ки мақбули ҳамагон гардид.


  Номбурда зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҷиҳати иҷроиши Қарори махсуси Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” дар якҷоягӣ бо масъулини шаҳрдорӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ амалиёти маърифативу профилактикии “ОДОБИ ШАҲРНИШИНӢ” роҳандозӣ карда шуд, ки дар ҷараёни он гуруҳҳои корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
  Дар ин замина зикр намуд, ки  маҳз дар доираи фаъолияти гуруҳҳои корӣ падидаҳои ба фарҳангу маданият ва маърифати волои миллати тоҷик доғоваранда, аз ҷумла оворагардию талбандагӣ, савдои кучагӣ, риоя накардани талаботҳои санитарию гигиенӣ зимни ба фуруш баровардани маҳсулоти хурока, овезон намудани либос дар пештоқи (балкон) биноҳои баландошёна, риоя накардани пушидани либоси ягона аз ҷониби фурушандагони баъзе аз марказҳои савдо ва бозорҳо дар доираи амалиёти “Одоби шаҳрнишинӣ” бартараф карда шуда, фаъолияти гуруҳҳои корӣ боз ҳам ҷоннок карда шудааст.


  Мавриди зикр аст, ки яке аз масъалаҳои изтиробангезе, ки имрӯзҳо на танҳо мақомоти корҳои дохилӣ балки тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин даст задании ҷавонон ба амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқиву ҷиноятӣ, махсусан авбошӣ ва задухурдҳои гуруҳӣ мебошад, ки Шариф Назарзода дар баромади худ аз сабабу омилҳои ба содиршавии ҷиноят мусоидаткунанда ва роҳҳои пешгирию бартарафсозии он таъкид намуд.
  Аз ин лиҳоз махсусан хотирнишон намудан ба маврид аст, ки дар аксар маврид маҳз бетарафии водидайн ва атрофиён ба амалу кирдорҳои ғайриахлоқии як нафар ҷавон ба содир намудани амалу кирдорҳои зидиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок оварда мерасонад.
  Дар мулоқот аз ҳар як шаҳрванд махсусан он нафароне, ки дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон масъуланд тақозо карда шуд, ки ҷиҳати бартарафнамоии камбудиҳои зикргардида пайваста кӯшиш ба харҷ диҳанд.


  Дар ҷараёни маърӯзаи пурмуҳтавои худ сардори мақомоти милитсияи пойтахт ҳамчунин аз вазъи содирнамоии ҷиноят дар байни ноболиғон изҳори нигораонӣ намуда, афзуд, ки  вазъи содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ва иҷро нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамоно ташвишовар боқӣ мондааст. 
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҳар як иштирокчии мулоқот, фаъолон ва намояндагони мақомоти марбута даъват ба амал оварда шуд, ки дар пешгирии ин вазъияти баамаломада саҳмгузор бошанд.


  Масъалаи дигари ҳалталаб, ки дар ҷараёни мулоқот ва зимни суханронии сардори мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода баррасӣ гардид, ин таҳқими маърифату маданият ва волоияти қонун дар муносибатҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулият ва саҳми падару модар дар омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, таъмини пойдориву устувории оилаҳо, алалхусус оилаҳои ҷавон, паст намудани шиддатнокии вазъи ҷинояткорӣ дар доираи оила ва муносибатҳои хешовандӣ буд.
  
  Дар қисмати дуюми чорабинӣ иштирокчиёни мулоқоти мазкур ба як қатор саволҳои худ аз маърӯзачиён ҷавобҳои мушаххас гирифта ҳамчунин баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе таклифу пешниҳодҳои муфид ироа намуданд.
  Дар хотимаи мулоқот зикр гардид, ки дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти дастаҷамъона метавон барои солимии ҷомеа камари ҳиммат баст ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

 

Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin