• Home »
  • ХАБАР »
  • Соҳиби кору макони зист гардидани боз 6 нафар шаҳрвандони бе ҷои истиқомат
Соҳиби кору макони зист гардидани боз 6 нафар шаҳрвандони бе ҷои истиқомат

Соҳиби кору макони зист гардидани боз 6 нафар шаҳрвандони бе ҷои истиқомат

   Тавре иттилоъ дода будем, баъди ба тасвиб расидани Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 1-уми феврали соли ҷорӣ “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо намояндагони бахшу хадамотҳои дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба таври мунтазам ҷиҳати дар байни аҳолӣ бурдани корҳои таблиғотӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии нашъамандӣ, аз байн бурдани падидаҳои халалдоркунандаи оромии ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баррасӣ намудани мушкилоти мардум ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта сафарбар карда мешаванд.
  Ҳафтаи сипаришуда низ дар доираи баргузор намудани корҳои профилактикӣ аз ҷониби нозирони минтақавӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе оиди бартараф намудани оворагардӣ, муайян намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ва бо ҷои кору зист таъмин намудани шахсони бе ҷои истиқомат 6 нафар чунин афрод муайян карда шуд.


  Дар натиҷа бо дастгирии мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе 6 нафар шаҳрвандони бе ҷои истиқомат, аз ҷумла, 4 нафари онҳо Хоҷаёров Фарҳод Давлатхуҷаевич соли таваллудаш 1972, Связский Дмитрий Олегович соли таваллудаш 1982, Аминова Гулбаҳор Табаралиевна соли таваллудаш 1979 ва Асноева Нилуфар Муҳиддиновна соли тааллудаш 1996 дар Нозироти минтақавии “Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзилӣ”- №5-и ноҳияи Фирдавсӣ ва 2 нафари онҳо Абдуллоев Евгений Василович соли таваллудаш 1974 ва Агаева Наталия Александровна соли таваллудаш 1978 дар Кооперативи моликони манзили Роҳи оҳанчиёни ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҷои кор ва макони будубош таъмин карда шуданд.

  Мавриди зикр аст, ки баъди созмон додани гуруҳҳои муштараки профилактикӣ дар ҳайати кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт давоми 15-рӯзи охири моҳи феврал 11 нафар шаҳрвандони бе ҷои истиқомат муайян карда шуда, ба ҷои кор, маош ва макони зист таъмин карда шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin