• Home »
  • ХАБАР »
  • Шиносои мактаббачагон аз рафти хизматбарии сарбозон
Шиносои мактаббачагон аз рафти хизматбарии сарбозон

Шиносои мактаббачагон аз рафти хизматбарии сарбозон

   Дар асоси нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ омӯзгорону мактаббачагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №32, 50, 59, 66 ва 90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои шиносоӣ ва огоҳӣ пайдо намудан бо рафти хизматбарии сарбозон аз қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД дидан намуданд.
   Мактаббачагонро зимни боздид муовини сардори Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино подполковники милитсия Гулаҳмад Гурезов, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ин шуъба подполковники милитсия Рустам Холзода ва афсари калони зершуъба оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии қисми ҳарбӣ капитани хизмати дохилӣ Саноӣ Саломатов роҳбаладӣ намуданд.
   Тавре масъули бахши кор бо ноболиғони Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино подполковники милитсия Р. Холзода иброз дошт, мақсад аз сафарбарнамоии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, пеш аз ҳама пешгирии қонуншиканӣ миёни мактаббачагон мебошад.

  – Мо бо ин роҳ метавонем ҳисси хештаншиносиро миёни онҳо бедор намуда, наврасонро аз оворагардӣ боз дорем. Онҳо бояд дарк намоянд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарзи ҷавонмардӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми иҷрои ин қарзи шаҳрвандӣ метавон худро соҳибватан дониставу арзишҳои миллиро ҳифз намуд, – изҳор дошт ӯ.
   Ҳангоми боздид аз ин қисми низомии мазкур хонандагон бо шароити муҳайёгардида шинос шуда, аз меҳмонхонаву ошхона, сартарошхона, макони вохӯрии сарбозон бо аҳли оилааашон, толори варзишӣ ва хобгоҳи онҳо дидан намуданд.
   Зимни шиносоӣ аз ин ниҳод, муовини директори Муассисаи таълимии №59-и ноҳияи Сино Шавкат Содиқов дар ҷавоб ба ин амали хайри масъулини мақомоти корҳои дохилӣ иброз дошт, ки “мо ҳангоми шиносоӣ пайдо намудан аз рафти хизматбарии сарбозони қисмҳои низомии мақомоти корҳои дохилӣ ва мавзеъҳои гуногуни таърихию фарҳангии кишвар, хонандагонро метавонем дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намоем. Зеро дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ бояд аз овони хурдсолӣ дар замири толибилмон ҷой дошта бошад.
   Муҳассилини мактабҳои мазкур аз чунин вохӯрӣ изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки онҳо низ дар оянда баҳри хифзи марзу буми Ватани хеш хизмати бошарафона хоханд кард .

Сироҷиддин Шукуров
Тоҷиддин ЛАТИПОВ

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin