Рабудани наздики 300 000 сомонӣ аз ҷониби нафари пешсудшуда
Содир намудани ҷиноят аз ҷониби нафарони қаблан судшуда, гувоҳи он аст, ки ҳар киро замираш бад аст, гарчанде солҳо дар зиндону маҳбас адои ҷазо намояд ҳам, феълу рафтори зиддиҷамъиятии худро ислоҳ накарда, такрор ба такрор ҷиноят содир мекунад, ки ин ҷурми онро дар назди қонун боз ҳам вазнинтар мегардонад.
Шаҳрванд Ашурқулов Умедҷон Шарофович соли таваллудаш 1987, ки қаблан ду маротиба бо ҷурми дуздӣ маҳбасӣ гардидааст, ин навбат бо ташкил намудани гуруҳи ҷиноятӣ ҳамроҳи ҳаммаслаконаш Азиз ва Дилшод ки айни замон онҳо дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарор доранд, боз даст ба тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр задаанд.
Ин гуруҳи ҷиноятпеша бо маслиҳати пешакӣ санаи 15-уми январи соли ҷорӣ вориди манзили истиқоматии сокини 40-солаи шаҳри Душанбе гардида, аз он ҷо маблағҳои пулӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ки наздики 300-ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Маҳз ҳисси баланди масъулият ва пешбурди роҳу усулҳои оперативӣ ва ҳамкории ҷабрдида ба кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино имконият фароҳам овард то парда аз рӯи ҷиноят бардошта шуда, шахсияти ҷинояткор ошкор ва дастгир гардад.
Ҳамчунин дастгиршуда Ашурқулов Умедҷон аввалҳои моҳи августи соли 2017 ба манзили истиқоматии шаҳрванд Абдулҳамидов Валиҷон воқеъ дар кучаи Ҳамадонӣ ворид шуда, аз он ҷо як миқдор ҷавоҳироти тиллоӣ ва дастгоҳи суратгирии тамғаи «Кенон»-ро тасарруф намуда ба ҷабрдида зиёда аз 26-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки гумонбаршуда Умедҷон Ашурқулов аз ҳисоби маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада, баҳри худ автомашина ва дигар ҷиҳози лозима харидорӣ намудааст. Бо дастгир гардиданаш аз ҷониби кормандони милитсия автомашина ва як миқдор маблағҳои пулию ҷавоҳирот ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
Айни зумон гумонбаршаванда Ашурқулов Умедҷон дар ҳабси пешкӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 244- кисм 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Сироҷиддин Шукуров