Зиҳӣ зан-модар, ки бо ҳастият нур офаридӣ!

Зиҳӣ зан-модар, ки бо ҳастият нур офаридӣ!

  Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни пуршукӯҳ «Рӯзи Модар» ва гиромидошти мақому манзалати бонувону модарон маҳфили идона доир намуданд. Дар радифи «Рӯзи модар» 30 нафар корманд-занони милитсия бо фармони роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои соҳавӣ ва сипосномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
  Дар чорабинии идона ҳамаи корманд-заноне, ки дар сафи мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе кору фаъолият менамоянд, иштирок намуданд. Чорабинии идонаро муовини аввали сардори Раёсат, полковники милитсия Ҳатамҷон Дадабойзода ифтитоҳ бахшида, оиди мавқеи занон дар рушди ҷомеа суханронӣ намуд. Номбурда ҳамчунин бонувони мақомот ва дар симои онҳо тамоми занони кишварро ба ифтихори «Рӯзи Модар» табрику таҳният гуфт.


  Сипас сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, дар оғоз номаи табрикотии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба муносибати таҷлили иди занону бонувон «Рӯзи Модар» қироат намуда, аз номи роҳбарияти ВКД тамоми бонувони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати ҷашни пуршукӯҳ – «Рузи Модар» табрик намуд.
  Шариф Назарзода ҳамчунин зимни ироаи паёми табрикотиаш тамоми модарону бонувони кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, корманд-занони мақомоти милитсияи шаҳри Душанберо ба ифтихори ҷашни саиду фараҳбахш “Рӯзи Модар”, ки дар рӯзҳои нахустини баҳорӣ – эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебо таҷлил мегардад, самимона шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо муваффақияту комгорӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон пешравиҳои нав ба навро таманно намуд.


  Номбурда инчунин аз мақому манзалати зан-модар, нақши арзандаи ӯ дар тарбияи ҷомеа сухан гуфта, таъкид намуд, ки дар сафи мақомоти милитсия шумораи зиёди занон низ кору фаъолият дошта, бо ақлу заковат ва иродаи мустаҳками хеш дар баробари мардон баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ кору фаъолият намуда, дар иҷрои масъулиятҳои бар душашон вогузор гардида, бо сарбаландӣ мебароянд.
  – Имрӯз хизмати зан – модар дар тамоми самтҳои фаъолият назаррас аст. Мавқеи зани тоҷик дар ҳамаи корҳои давлатию ҷамъиятӣ ба таври мусбат арзёбӣ мешавад. Боиси ифтихори мову шумост, ки дар сафи милитсияи тоҷик то ба имрӯз беҳтарин, арзандатарин ва шоистатарин занони тоҷик бо ақлу заковат ва иродаи мустаҳками хеш баҳри оромию осудагӣ, сулҳу субот хизмати содиқона менамоянд, – иброз дошт роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт.


  Мавриди зикр аст, ки имрузҳо зиёда аз 100 нафар корманд-занони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар иҷрои вазифаҳои ба душашон вогузоргардида масъулиятшиносӣ зоҳир намуда, софдилона хизмат карда истодаанд.
  Дар ҷараёни чорабинӣ 88 нафар занҳо, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз худ маҳорату малакаи баланди касбӣ нишон додаанд бо фармонҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо медалу нишонҳои соҳавӣ, Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ қадршиносӣ карда шуданд.
  Илова ба ин бо фармони дигари Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 38 нафар заноне, ки ҷиҳати корҳои ободонӣ ва тозагии биноҳои маъмурии мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе саҳми арзанда мегузоранд, бо маблағи пулии ҳар кадоме ба миқдори 100-сомонӣ қадршиносӣ карда шуданд.


  Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фароғатӣ манзури иштирокчиён гардида, ҳаҷвнигорон ва ситораҳои машҳури эстрадаи санъати тоҷик аз қабили Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Қурбон Алиев ва дигарон бо дастовези суруду таронаҳои дилнишин чорабинии идонаро ҷилои тоза бахшиданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin