• Home »
  • ХАБАР »
  • Майдаавбошон ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд
Майдаавбошон ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд

Майдаавбошон ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд

  Чун шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ба яке аз 10 пойтахтҳои ороми ҷаҳони муосир шомил гардидааст, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста талош мекунад, ки оромиву тартибот ва амнияти сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе таъмин бошад. Бинобар ҳамин мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо ба роҳ мондани фаъолияти шабонарузӣ қотеъона изҳор менамояд, ки ҳамеша кафили оромиву осудаҳолии мардуми пойтахти кишвар мебошад.
  Мавриди зикр аст, ки маҳз бо кушишҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рушди бомароми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии пойтахт ҳамасола боло рафта, дар натиҷаи меҳнати фидокоронаи мардуми шарафмандаш давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе садҳо муассисаҳои истеҳсолӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва иҷтимоӣ, маданиву маишӣ ва таълимӣ, варзишӣ ва ҳифзи саломатӣ, ҳамчунин кӯчаю хиёбонҳои зебоманзар бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
  Баъзе ҷавонони худхоҳ, ки ҳатто дар замирашон ҳисси бунёдкориву созандагӣ вуҷуд надорад, ба ҷои он ки аз ин неъматҳои бунёдгардида самаранок ва бо риояи қатъии одоби шаҳрвандӣ истифода баранд, баръакс муассисаҳои маданиву маишӣ ва фароғатиро ба макони баҳсу мунозира ва ҳалли проблемаҳои шахсиву гуруҳӣ қарор медиҳанд.
  Чунин як кирдори зиддиҳуқуқӣ, аз қабили баёни суханҳои қабеҳ ва дашному ҳақорат байни 13 нафар ҷавонон тахминан соатҳои 4 ба 5-и субҳи 10 марти соли ҷорӣ дар дохили тарабхонаи «Галакси», воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе содир гардид. Баъди ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидани кормандони милитсия ҷавонон боз ба ҳаркатҳои ғайриқонуниашон идома дода, ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарданд.
  Сипас гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, 13 нафар ҷавононро, ки ба ҳаракатҳои майдаавбошӣ даст задаанд, ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.
  Дар натиҷа нисбати ҳар кадоме аз онҳо бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме бо Қарори Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба муҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд. Инҳо:

1.Қодиров Абдулло Хайруллоевич соли таваллудаш 19.10.1985 сокини шаҳри Душанбе;

 

 

2.Маҳмадиев Маҳмадраҷаб Илҳомидинович соли таваллудаш 07.01.1992, сокини шаҳри Душанбе;

 

 

3.Ҷумаев Искандар Салимович соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе;

 

 

4.Аҳлиддини Додарбек соли таваллудаш 01.02.1991 сокини шаҳри Душанбе;

 

 

5.Гулов Диловар Шералиевич соли таваллудаш 18.04.1996 сокини шаҳри Душанбе;

 

 

6.Давлатшоев Саидакрам Абдуллоевич соли таваллудаш 15.04.1992 зода ва сокини ноҳияи Данғара;

 

 

7.Нуруллозода Дилшод соли таваллудаш 15.07.1991 зода ва сокини шаҳри Ҳисор;

 

 

8.Тағоев Темур Усмонович соли таваллудаш 06.08.1978 сокини шаҳри Душанбе;

 

 

9. Ашуров Набиҷон Ҷумахонович 25.08.1995 сокини шаҳри Кулоб;

 

 

10.Умаров Акмал Акбарович соли таваллудаш 06.04.1996 сокини шаҳри Душанбе;

 

 

11.Абдуллоев Раҳматулло Маҳмадуллоевич соли таваллудаш 26.04.1986 сокини шаҳри Душанбе;

 

 

12.Раҳматов Акмал Акрамович соли таваллудаш 1993 сокини шаҳри Душанбе;

 

 

13.Раҳматов Акбар Акрамович соли таваллудаш 07.01.1996 сокини шаҳри Душанбе.

Айни ҳол номбурдагон дар ҳабси маъмурӣ қарор дошта, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд.

Моддаи 460. Майдаавбошӣ
Барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, -ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазо таъин карда мешавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin