• Home »
  • ХАБАР »
  • Шикастани тирезаи автомашина ва дуздии ашё аз дохили он

Шикастани тирезаи автомашина ва дуздии ашё аз дохили он

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 24-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки шаби 31-уми январ ба 1-уми феврали соли 2018, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи шикастани тирезаи автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, ки дар назди бонки “Эсхата”, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт беназорат меистод, ворид шуда, аз он ҷо 1-адад телевизори автомашина, 1-адад “флешкорт”, 1-адад чархи автомашина, 1-адад “самбуфер”ва 650-сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 3000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини кӯчаи Мастонгулови пойтахт, ки пеш бо моддаи 247 ва 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, марди 19-солаи сокини кӯчаи Камола ва ноболиғи 16-солаи сокини кӯчаи Мастонгулов, хонандаи синфи 9-уми МТМУ, бо гумони дуздии ашёи мазкур дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin