Ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона

Санаи 24-уми декабри соли 2014 ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷўйӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷинойии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Холиқова М.Т. соли таваллудаш 1963, зодаи шаҳри Панҷакент, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Номбурда санаи 24-уми декабри соли 2014 хонаи ба иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Борбад 2/1, ҳуҷраи №5-и шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон В.М., соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва Т.А., соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, бар ивазаш аз номбурдагон 150 сомонӣ барои як шаб мукофотпулӣ гирифтааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin