• Home »
  • ХАБАР »
  • Тасарруф намудани телефони мобилии донишҷӯ

Тасарруф намудани телефони мобилии донишҷӯ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, донишҷӯи соли 3-юми Донишгоҳи Тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 6-уми феврали соли 2018, тахминан соати 22:00-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Фирдавсӣ қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, сипас аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Галекси 5”, ки арзишаш 2500-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонписари 18-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев, ки пеш бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ҷавонписари 18-солаи сокини кӯчаи Гулбуттаи пойтахт бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin