• Home »
  • ХАБАР »
  • Садои маводҳои тарфгарӣ аз арафаи соли нав дарак доданд

Садои маводҳои тарфгарӣ аз арафаи соли нав дарак доданд

Мусодираву ошкор намудани маводҳои пиротехникӣ дар пойтахти кишвар дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, аз тарафи кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати мусодира намудани маводҳои тарфгарӣ, ки метавонад ба руҳу асаби инсонҳо таъсири зишт бирасонад, дар  бозору марказҳои савдо корҳои пешгирикунанда ҷараён дорад. Аз ҷумла дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои мақсаднок аз ҷониби
кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ -2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шаҳрванд Мадалиев Бахтиёр соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе дастгир гардид, ки аз ӯ ба миқдори махсусан калон, яъне 190 ҳазор адад маводҳои пиратехникӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ба ҳамин монанд кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ як далели нигаҳдорӣ ва фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгариро дар бозори
«Ганҷина»-и пойтахт ошкор карданд. Бо бурдани корҳои фаврӣ кормандони шуъбаи мазкур шаҳрванд Шоҳрухи Умарҷон, соли таваллудаш 2000-ум, сокини шаҳри Душанберо дастгир намуданд, ки  ҳангоми кофтуков аз ӯ 8 ҳазору 400 адад маводҳои тарфгарӣ дарёфту мусодира карда шуд. Номбурда бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба фурӯши ғайриқонунии маводи пиратехникӣ машғул шуда, ҳар як қуттии маводи тарфгариро бо арзиши 36 сомонӣ мефурӯхтааст, ки амали ғайриқонуниаш сари вақт пешгирӣ карда шуд. Айни ҳол бошад, нисбати ин казияҳо корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin