• Home »
  • ХАБАР »
  • Кормандони Хадамоти дидбонию пайраҳадорӣ ба хизмат тавассути дучархаҳо хоҳанд баромад

Кормандони Хадамоти дидбонию пайраҳадорӣ ба хизмат тавассути дучархаҳо хоҳанд баромад

Ҳафтаи равон аз ҷониби Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе наздики 120 адад дучархаҳои махсусгардонидашуда тақдим карда шуд, ки дар давраи фаслҳои баҳору тобистон ва тирамоҳ аз ҷониби кормандони Хадамоти дидбонию пайраҳадорӣ истифода хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки дучархаҳои номбурда, дучархаҳои оддӣ набуда, барои кормандони милитсия махсусгардонидашуда мебошад, зеро дучархаҳо дорои навиштаҷоти «полис» ва чароғакҳои ранга мебошанд. Дучархаҳо шуруъ аз фасли баҳор мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт ва баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди шаҳри Душанбе маҳз ба воситаи дучархаҳои мазкур назорату посбонӣ хоҳанд шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin