• Home »
  • ХАБАР »
  • Дуздии филиали ҶСК «Бонки Эсхата» ошкор гардид

Дуздии филиали ҶСК «Бонки Эсхата» ошкор гардид

Санаи 23-юми декабри соли 2014 аз ҷониби филиали ҶСК «Бонки Эсхата» воқеъ дар кӯчаи А.Дониш 11-и шаҳри Душанбе, мактуб ворид гардид, ки шахсони номаълум бо роҳи шикастани дару тиреза вориди бинои бонк гардида, аз онҷо як адад сейфи оҳанин, ки дар дохилаш 2-адад муҳри расмии бонк, 1-адад флешкарта, ки дорои маълумотҳои бонкӣ будааст ва як миқдор ҳуҷҷатҳои корхонаро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Оиди дастгир намудани гумонбарони ин ҷиноят корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ гузаронида шуда, бо изи гарм дар таърихи 4-уми январи соли 2015 шаҳрвандон Азизов Фаридун Раҳматшоевич, соли таваллудаш 1995, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ ва Ризвоншоев Амрулло Нусратуллоевич, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Анзоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуданд. Айни замон нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin