• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ноболиғи «ронанда» пас аз садамаи нақлиётӣ
Боздошти ноболиғи «ронанда» пас аз садамаи нақлиётӣ

Боздошти ноболиғи «ронанда» пас аз садамаи нақлиётӣ

Санаи 11-уми феврали соли 2018, тахминан соати 23:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А. Синои шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Сомонӣ Худойдодович соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷайҳун донишҷӯи соли 1-уми Коллеҷи кӯҳии металлургии шаҳри Душанберо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа донишҷӯи пиёдагард Қурбонов С. Х. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст

Кормандони милитсияи пойтахт дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ Сайдалиев Ҳадятуллоҳ Абдулҳамидович соли таваллудаш 2001, сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 9-уми МТМУ №58-ро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур боздошт намуданд.
Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ноболиғ Сайдалиев Ҳадятуллоҳ Абдулҳамидович ҳангоми идораи воситаи нақлиёти тамғаи “Лексус RХ-330”, ки автомашинаи мазкур ба падараш Сайдалиев Абдулҳамид Муҳиддинович соли таваллудаш 1968 тааллуқ дорад, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардро пахш намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin