Ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Ҳафтаи равон сардори Раёсати Вазорати корҳои дохлӣ дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҷӯрахонзода Саид Қаюм ва муовинони ӯ бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии маҳаллаҳои пойтахт сӯҳбату вохӯриҳо доир намуданд. Дар ҷамомади мазкур роҳбарияти раёсат аз натиҷаи кори хеш дар минтақаҳо ба шаҳрвандон ҳисобот дода, ҳозиринро ба ҳамкории боз ҳам густардатар даъват намуданд ва миёни эшон бо аҳолии маҳаллаҳо суолу ҷавоб сурат гирифт. Роҳбарияти Раёсат бештар хоҳони огоҳ шудан аз камбудиҳои кори хеш дар маҳалҳо шуданд ва шаҳрвандон низ дар навбати худ фаъолӣ нишон дода,  таклифҳои мушаххасро баҳри коҳиш додани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод намуданд. Дар фарҷоми ин ҷамъомад роҳбарияти раёсат қайд намуданд, ки «танҳо дар якҷоягӣ бо ҷомеа метавон дар коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар маҳалҳо ноил шуд».

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin