Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи милитсияи пойтахт

Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи милитсияи пойтахт

  Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти солонаи милитсияи пойтахт таҳти роҳбарии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баргузор гардид. Дар машварати оперативӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Раёсат ва шуъбаҳои Вазорат дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
  Дар ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ фаъолияти ҳар як Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он дар Раёсати ВКД натиҷагирӣ карда шуд.
  Бояд тазаккур дод, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти фаврӣ-хизматии худро ҷиҳати таъмини ичроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ба роҳ монда, дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти мамлакат нақши калидӣ дорад.

  Зимни баргузории ҷаласа қайд карда шуд, ки дар давоми 12-моҳи соли 2017 аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шумораи зиёди ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба монанди одамкушӣ, роҳзанӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадор ва силоҳу дигар лавозимоти ҷангӣ, ғоратгарӣ, дуздӣ, авбошӣ ва дигар намудҳои ҷиноятҳо ба қайд гирифта шуда, ба таври фаврӣ ошкор карда шудаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар давоми сол аз ҷониби кормандони Раёсат ва шӯъбаҳои зертобеъи он 3706 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93-ҷиноят камтар мебошад. Метавон гуфт, ки бо ошкору дастгир шудани нафарони ҷинояткор, хавфи онҳо бартараф карда шуда, амнияту бехатарии шаҳрвандони пойтахти кишвар таъмин карда шуданд.
  Қобили қайд аст, ки милитсия пойтахт дар пешгирии ҷинояткорӣ, ба хусус содиршавии ҷиноят аз ҷониби ҷавонону ноболиғон низ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, вобаста ба эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» аз ҷониби Сарвари давлат пайваста бо падару модарон ва пайвандони ноболиғону наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва дар донишгоҳу донишкадаҳо бо донишҷӯён сӯҳбату вохуриҳои судманд анҷом дода шуд. Дар натиҷаи ин тадбирҳои андешидашуда, содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон 0,8% ва аз ҷониби ҷавонон 5,1% паст гардидааст.

  Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қайд гардид, ки дар давоми соли ҷорӣ, дар пайи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тибқи моддаи 90 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 5139 нафар волидайн, барои бемасъулиятию хунукназарӣ нисбати таълиму тарбияи фарзандонашон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 759 адад зиёдтар мебошад.
  Ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва амнияти субъектҳои ҳаракат, кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии пойтахт чорабиниҳои заруриро таҳия ва амалӣ намуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми 12-моҳи соли 2017 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе 264-ҳодисаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи рух додани садамаҳои мазкур 37-нафар ба ҳалокат ва 262 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Маҳз натиҷаи фаъолияти босамари нозирони роҳ буд, ки шумораи садаманокӣ ва бар асари он шумораи ҳалокшудагону ҷароҳатбардоштагон дар роҳҳои нақлиётгарди пойтахт кам гардидааст.
  Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти кормандони БДА шаҳри Душанбе сардори Раёсат генерал-майори милитсия Шариф Назарзода таъкид дошт, ки бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои ҷумҳурӣ ҷазо оид ба вайронкунандагони қоидаҳои роҳу нақлиёт вазнин карда шудааст, ки дар ин замина аз ҳар як корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ ҷиҳати таъмини иҷроиши талаботҳои қонуни мазкур масъулияти баланди хизматиро талаб менамояд.

  Шаҳри Душанбе, ки маркази маъмурӣ яъне пойтахти кишвар ба ҳисоб меравад, аксарияти чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ маҳз дар ҳамин ҷо баргузор мегардад. Вобаста ба ин кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро дар давоми соли 2017 зимни баргузории 149 чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, фарҳангию варзишӣ дар сатҳи баланди касбӣ таъмин намудаанд.
  Дар анҷоми ҷаласа сардори Раёсат бори дигар таъкид намуд, ки таъмини тартиботу осоиштаҳолии шаҳрвандон ба дӯши кормандони милитсия вогузор гардида, аз ҳар як корманд баҳри иҷрои ин рисолати бузург, масъулият ва фаъолияти шабонарӯзӣ талаб карда мешавад, то сулҳу суббот, тинҷию оромӣ, ва амнияти шаҳрвандон таъмин карда шавад.

Шукуров Сироҷиддин
нозири гурӯҳи ахборотии РВКД дар ш. Душанбе
лейтенанти милитсия

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin