• Home »
  • ХАБАР »
  • Вохӯрии Роҳбарияти ВКД бо дружиначиёни ихтиёрӣ

Вохӯрии Роҳбарияти ВКД бо дружиначиёни ихтиёрӣ

Сохта шуд: 10.10.2014с.

Субҳи имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» вохӯрии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дружиначиёни ихтиёрӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур аз ҳамкории тарафайни милитсия бо дружиначиён натиҷагирӣ гардида, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал майори милитсия Солеҳзода Искандар иброз намуд, ки «танҳо дар якҷоягӣ бо дружиначиён ва кормандони ғариштатии милитсия метавон сатҳи ҷинояту ҷинояткориро дар ҷумҳурӣ коҳиш дод ва ҳозиринро ба ҳамкории боз ҳам густурдатар даъват намуд.Баъдан Муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Раҷабов Ҳасан Ҷамилович суханрониро идома бахшида, барои ҳамкории зич бо милитсия ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои бузурги сиёсӣ аз номи роҳбарияти Вазорат корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе қисми зиёди дружиначиёнро бо мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin