• Home »
  • ХАБАР »
  • Гаравгон: Талаби 25 000 доллари ИМА барои озод намудан (Видео)
Гаравгон: Талаби 25 000 доллари ИМА барои озод намудан (Видео)

Гаравгон: Талаби 25 000 доллари ИМА барои озод намудан (Видео)

  Санаи 7-уми апрели соли равон як нафар ҷавонписар дар рӯй ниқоб ва бо корд мусаллаҳ шуда, ба манзили истиқоматии як нафар сокини маҳаллаи Теппаҳои шарқии н. Шоҳмансури шаҳри Душанбе ворид гаштааст. Номбурда кӯдаки хурдсоли хонадонро ба гаравгон гирифта, талаби 25-ҳазор доллари ИМА намудааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро роҳандозӣ намуда, нафари гумонбарро дастгир карданд. Дар натиҷаи муайян карда шуд, ки дар содир намудани ин ҷинояти махсусан вазнин шаҳрванд Дустмуроди Убайдулло соли таваллудаш 8-уми августи 2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаи Теппаҳои шарқӣ гумонбар дониста мешавад.

  Чуноне зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардид, номбурда гарчанде қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ин навбат ба хотири ба даст овардани маблағи калони пулӣ ба ҷинояти аз он вазнинтар, яъне роҳзанӣ даст задааст. Зимни пурсиш номбурда иқрор гаштааст, ки санаи 7-уми апрели соли равон тахминан соатҳои 09:30 дақиқа дар рӯй ниқоб ва бо корд мусаллаҳ шуда, ба манзили истиқоматии воқеъ дар маҳаллаи Теппаҳои шарқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ворид гаштааст.
  Ба хотири тарсонидан номбурда кӯдаки хурдсоли хонадонро ҳамчун гаравгон гирифта, бо таҳдиди куштан аз модараш маблағи пули ба микдори 25 000 долари амрикоӣ талаб кардааст.
Тибки иттилои тафтишот гумонбаршуда Дустмуроди Убайдулло чун пай мебарад, ки ин миқдор маблағи талаб намудаашро ёфта дода наметавонанд, бо роҳи зуроварӣ чавоҳироти тиллоӣ аз қабили як ҷуфт гушвор ва ду адад ангуштарин, ки арзишашон 5000 сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намуда, аз ҷои ходиса фирор мекунад.

  Бо содир намудани ин кирдори ваҳшиёна гумонбаршаванда Дустмуроди Убайдулло дар баробари расонидани зарари калони молӣ ҳамзамон ба тифлаки хурдсол зарари рӯҳиву ҷисмонӣ расонидааст. Акнун номбурдаро мебояд барои ин амали ҷинояткоронааш дар назди қонун ҷавоб гӯяд.

  Айни замон нисбаташ бо моддаи 249 (Роҳзанӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin